Ru  | Tj
Мушкилии нақлиётӣ дар Душанбе қисман бартараф шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мушкилии нақлиётӣ дар Душанбе қисман бартараф шуд

Мушкилии нақлиётӣ дар Душанбе қисман бартараф шуд

Нашр шуд

Одатан мушкилиҳое, ки ҳар шаҳру пойтахтҳои калон дар ҷаҳон рӯ ба рӯ мешаванд ин танбашавии мошинҳо дар часпик, сифати пасти роҳҳо, кор накардани чароғакҳо ва ғайра мебошанд. Шаҳри Душанбе ба монанди дигар пойтахту шаҳрҳои дунё ин мушкилиҳои нақлиётиро дорад.

То солҳои наздик ба ғайр аз мушкилиҳои дар боло зикр гардида боз масалаи нақлиёти мусофирбари буд, ки сокинони шаҳр аз муносибати пулчинакҳо (контролёр) сар карда, то аз меъёр зиёд гирифтани мусофирон ва риоя накардани ҷадвал дучор мешуданд.

Аммо имрӯз бо кушишу талоши Ҳокимияти шаҳр ва бо роҳбарии Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе як қатор масъалаҳои нақлиётӣ бартараф карда шуданд. Зиёди микроавтобусҳоро аз хатсайрҳои асосии шаҳр ба канори шаҳр бурда, ҷоӣ онҳоро автобусҳои замонавии истеҳсоли Туркия ва ё ин ки автобусҳои муштараки Тоҷикистону Туркия иваз карданд, ки ба ҳамаи талаботҳои байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошанд ва пурра аз рӯи ҷадвали ҳаракат ба роҳ мебароянд.

Ба ғайр аз ин дар шаҳри Душанбе пардохти автобусҳо пурра тавассути кортҳои пластикии CITYCARD ва DC WALLET амали мегарданд. Системаи пардохти электронӣ то андозае фасодро дар ин самт кам кард. Бартарии пардохти электронӣ дар он аст, ки масъалан агар солҳои гузашта нақдинаҳои ҷам шуда дар вақти супоридан аз даст ба даст то буҷҷаи корхонаи воҳидии нақлиётӣ ба миқдори аслиаш намерафт, имрӯз бошад маблағҳои ҷамъшуда фавран ба суратҳисоб рафта барои бартараф намудани харҷҳои бамиёномадаи автобусҳо ва беҳтар намудани маоши ронандагон равона карда мешавад.

Дар тӯли 4-5 соли охир дар шаҳри Душанбе таъмири роҳҳову бунёди эстакадаҳо ва гузаргоҳҳо барои сабуктар намудани роҳҳои шаҳр аз танбашавӣ давом доранд. Дар тӯли ду соли охир дар шаҳри Душанбе ду эстакадаи 3 қабата воқеъ дар ноҳияи Сино расман ифтитоҳ гардид. Эстакадаҳои мазкур баҳри беҳтар намудани роҳи байнишаҳрии Душанбе-Турсунзода бунёд шудааст ва дар рафти сохтмон роҳҳои дар гирду атрофи маҳаллаҳои аҳолигишин низ ба як ҳолати ба талабот ҷавобгӯ расонида шуданд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки қоидаҳои ҳаракати роҳ аз тарафи ронандагон бисёр вайрон карда мешаванд ва барои аз ҷавобгарӣ паноҳ шудан аз ҷои садама пинҳон мешаванд. Ва барои таъмини амнияти сокинони пойтахт дар тамоми роҳҳо камераҳои назоратӣ ва муайянкунандаи соҳиби

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед