Ru  | Tj
Мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба ҳолати қаблӣ баргаштааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба ҳолати қаблӣ баргаштааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия ба ҳолати қаблӣ баргаштааст

Нашр шуд

Ҳаҷми мусофирбарӣ миёни Тоҷикистон ва Русия пас аз тамоюли коҳиши авохири моҳи март барқарор мешавад. Тибқи маълумоти маъмули онлайни фурӯши билетҳо, нархи парвозҳо низ ба арзишҳои қаблии худ баргаштанд.

Ҳаракати мусофирбарҳо дар парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия пас аз коҳиши авохири моҳи март, замоне ки тадобири амниятӣ дар Русия пас аз ҳамлаи ҳаросафкан дар толори консертии Crocus City Hall пурзӯр шуд, барқарор мешавад.  Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.

Аз ҷумла афзоиши мусофирбарӣ миёни ду кишварро ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии “Сомон Эйр” таъйид кардааст. «Дар айни замон мо тамоюли афзоиши интиқоли мусофирон ба самти Русияро дар муқоиса бо рақамҳои ду ҳафтаи пеш мушоҳида мекунем, мо умедворем, ки то охири моҳ интиқоли мусофирон дар сатҳи қаблӣ пурра барқарор мешавад”, - гуфт намояндаи ин ширкати ҳавопаймоӣ.

Намояндагони ширкати "Сомон Эйр" таъкид карданд, ки ин шикрат теъдоди парвозҳо ба шаҳрҳои Русияро коҳиш надода, ба ҷуз аз ин дар бархе аз масирҳо суръати парвозҳо афзоиш ёфтааст. Ин ширкат дар як моҳ тақрибан 130-140 парвоз байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия анҷом медиҳад.

Аз сӯйи дигар намояндагии маҳаллии ширкати ҳавопаймоии Русия “UTair“ хабар додаанд, ки ҳавопаймоҳо пур аз мусофир парвоз карда, шумораи мусофирон пурра барқарор шуд.

Тибқи иттилоъи хадамоти онлайни фурӯши билетҳои ҳавопаймо, нархи парвозҳо низ ба нархи қаблии худ, ки дар нимаи моҳи март буд, баргашт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед