Ru  | Tj
Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба хидмати сарбозӣ 62 иҷро шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба хидмати сарбозӣ 62 иҷро шуд
Акс: "Ховар"

Нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба хидмати сарбозӣ 62 иҷро шуд

Нашр шуд

Даp Тоҷикистон дар 20 рӯзи ҷараёни даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ иҷрои нақша 62 дарсадро ташкил дод. Дар ин радиф Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зиёда аз 20 шаҳру навоҳии Тоҷикистон аз иҷрои пурраи нақшаи даъвати ҳарбӣ гузориш доданд. Дар ин бора Вазорати дифоъи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ин ниҳод хабар медиҳад, ки давоми бист рӯзи аввали моҳи апрел мақомоти масъули даъвати ҳарбӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ иҷрои нақшаро 66 дарсад таъмин карданд. Дар миёни навоҳии ин минтақа ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд.

Дар идома гуфта мешавад, ки даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Неруҳои мусаллаҳ дар вилояти Хатлон низ идома дошта, масъулин дар муддати 20 рӯз иҷрои нақшаро дар шаҳру навоҳии ин вилоят ба 76 дасрад баробар кардаанд. Зимнан ноҳияҳои Вахш, Фархор, Хуросон, Муъминобод, Носири Хусрав ва шаҳри Норак нақшаи ба онҳо пешбинишударо сад дарсад иҷро кардаанд.

Дар баробари ин зикр мешавад, ки шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд низ дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ 47 дарсади нақшаи даъвати ҷавонписаронро ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон иҷро карданд. 

Ба ҳамин тартиб дар муддати 20 рӯзи моҳи апрел иҷрои нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 41 дарсадро ташкил додааст.

Бояд гуфт, ки маъракаҳои даъвати баҳории шаҳрвандон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз якуми апрел то охири моҳи майи соли равон идома меёбад.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар Тоҷикистон даъвати ҷавонписарони аз 18 то 27-сола ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешаванд. Даъвати  баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши миллии Тоҷикистон аз якуми апрел то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Муҳлати хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон  барои ҷавонписароне, ки дар донишгоҳҳои олӣ дарсӣ низомӣ хондаанд, як сол ва барои дигарон 2 сол муқаррар шудааст.

Ҳамзамон тибқи қонун ҷавонон дар Тоҷикистон имкон доранд бо пардохти маблағи муайян ва гузаштани тамрини якмоҳа аз хидмати дусолаи низомӣ озод шаванд. Дар ҳоли ҳозир нархи хидмати пулакӣ дар Тоҷикистон муодили 54 ҳазор сомонӣ аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед