Ru  | Tj
Намоиши тетари тоҷик дар озмуни Voices 2020 (Садо 2020)

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Намоиши тетари тоҷик дар озмуни Voices 2020 (Садо 2020)

Намоиши тетари тоҷик дар озмуни Voices 2020 (Садо 2020)

Нашр шуд

Пандемияи коронавирус на танҳо ба соҳаи иқтисод ва туризм зарари худро расонид, балки соҳаи фарҳанг низ осеби ҷиддиро ба худ эҳсос намуд. Марказҳои ҷамъиятиву дилхуши бо сабаби пешгирии Ccovid-19 баста шуданд ва театру синамо аз он ҷумла.

Муддати дароз театрҳо фаъолият намекарданд, консертҳову намоишҳо маън ё та таъхир андохда шуда буданд. Аммо баъдан ҳамаи намоишҳову, консертҳову спектаклҳо ба тариқи онлайн гузаштан.

Театри ҷавонони тоҷик ба номи “Маҳмудҷон Воҳидов” ба онлайн озумуни Voices 2020 (Садо 2020) ба шаҳри Ню-Ҷерсии ИМА даъват шуд.

Тибқи гуфтаҳои Суҳроб Ҷанҷолов муовини раиси театри ҷавонон, дар намоиши аз 15 то 25 октябр баргузор мегардида кормандон як чанд намоиши видеоиро бо забони англиси тарҷума карда фиристоданд ва ҷониби Амрико намоиши коргардони маъруфи тоҷик Нозим Меликов “Дирафши Ковиёнро” интихоб намуданд.

Нашри онлайнии намоишномаи Театри ҷавонон 25 октябр соати 21.00 ба вақти Тоҷикистон пахш мегардад.

Бори нахуст намоишномаи “Дирафши коваёнӣ” дар Тоҷикистон соли 2017 дар Театри давлатии ҷавонон намоиш дода шудааст.
Ин намоишнома ҳамчунин барандаи Шоҳҷоизаи ҷашнвораи театрҳои касбии “Парасту” дар Тоҷикистон ва Шоҳҷоизаи ҷашнвораи байналмилалии театрҳои касбӣ дар соли 2019 дар Қазоқистон гардида буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед