Ru  | Tj
Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашр шуд

Имрӯз Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Тоҷикистон натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуда, дар он Эмомалӣ Раҳмон бо 90,92% овоз ғолиб дониста шуд. 

Баъд аз анҷоми интихобот назоратчиёни байналмиллалӣ хулосаи худро оиди рафти овоздиҳӣ изҳор намуда ва қайд карданд, ки интихобот шаффоф гузашт. То имрӯз ягон шикоят сабт нагардидааст. 
Инчунин ҳамаи участкаҳои интихоботӣ бо таҷҳизоту маҳлулҳои антисептики бар зидди коронавирус кушода таъмин буданд.

Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир гардид.
Натиҷаи дигар номзадҳо:

Абдуллоев Мироҷ Санонович (ҳизби коммунистӣ) –“тарафдор” 49 535 нафар (1,17%);

Ғаффорзода Абдуҳалим Розиқ (ҳизби сотсиалистӣ) –“тарафдор” 63 082 нафар (1,49%);

Латифзода Рустам Барот – (ҳизби аграрӣ) “тарафдор” 128 182 нафар (3,02%);

Раҳматзода Рустам –(ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ) “тарафдор”  90 918 нафар (2,14%);

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед