Ru  | Tj
Наваскарони Тоҷикистон ду маротиба аз озмоиши зидди Covid-19 мегузаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Наваскарони Тоҷикистон ду маротиба аз озмоиши зидди Covid-19 мегузаранд

Наваскарони Тоҷикистон ду маротиба аз озмоиши зидди Covid-19 мегузаранд

Нашр шуд

Раиси дафтари матбуоти Вазорати Мудофиа Фариддун Махмадализода хабар дод, ки наваскарон бори аввал дар беморхонаҳои ноҳиявӣ ва баъдан дар комиссияи шаҳрӣ ва вилоятӣ аз ташхис гузаронида мешаванд.

Дар ҳолати пайдо накардани вирус, аскарон ду сол адои хизмати ватан мекунанд ва дар давраҳои аввал дар хизмат сарборӣ нисбатан камтар мешавад.
 
То инҷониб ягон ҳолати гирифтори дар миёни хизматчиёни қувваҳои мусаллаҳ муайян карда нашудааст.

Тоҷикистон бори аввал коронавирусро 30 апрели соли 2020 эътироф карда беморонро ба қайд гирифт. То имрӯз дар Тоҷикистон ҳамаги 10014 нафар сироятӣ шуда 78 нафар ҷон бохтанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед