Ru  | Tj
Навбат барои ваксинаи Cоvid-19

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Навбат барои ваксинаи Cоvid-19

Навбат барои ваксинаи Cоvid-19

Нашр шуд

Федератсияи Россия баъд аз ихтирои ваксинаи Cоvid-19 дар моҳи август, ҳамчун нахустин кишвари ихтирокор ба қайд гирифта шуд. Доруи мазкур аз тарафи маркази ташхисии эпидемиологи ва микробиологии ба номи Гамелей ихтиро шудааст.

Доруи мазкур аз тарафи журнали бонуфузи the Lancet эътироф гашт. Аммо гуруҳи олимони Ғарб ба эътимоднокии таҳқиқот шубҳа доранд, аммо олимони дигар натиҷаҳои таҳқиқотро "рӯҳбаландкунанда" номиданд.   

Руссия имрузҳо дархости зиёде аз кишварҳои дунё дорад, аз он ҷумла Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Филлипин, Мексико, ва як қисми давлатҳои пасошурви, Тоҷикистон низ инчунин.

Шумораи умумии гирифторони коронавирус то субҳи 22 сентябр дар Тоҷикистон ба 9388 нафар расид, хабар дод Вазорати Тандурустӣ. Рузи 21 сентябр дар Ҷумҳури ҳамагӣ 42 нафар сироятёфта ва 44 нафар шифо ёфтанд. Дар тули мавҷуд будани коронавирус 8152 нафар шифо ёфтанд. То имрӯз дар Тоҷикистон шумораи фавтидагон ба 73 нафар расидааст. 1163 нафар зери назорати табибон қарор доранд. Сатҳи фавт 0.78%
Дар тамоми дунё зиёда аз 31 млн. бемор шуда, 21,3 млн. пурра шифо ёфтанд ва 963 ҳазор қурбонӣ шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед