Ru  | Tj
Нишасти матбуотии сафири Тоҷикистон дар Русия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Нишасти матбуотии сафири Тоҷикистон дар Русия

Нишасти матбуотии сафири Тоҷикистон дар Русия

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов дар бораи ҳолати рубару шудаи донишҷӯёни дар донишгоҳҳои Русия мехондаги шарҳ дод.

Гуфтушунидҳо рафта истодаанд бо ҷониби Русия аммо аз натиҷааш хабаре нест. Ва агар иҷозат диҳанд дар мадди аввал барои донишҷӯёни соли як ташкили парвоз карда мешавад. 

Ҳамзамон Вазорати маориф ва илми Руссия тавре баён кардааст, агар донишҷӯён биёянду хонданро фосилавӣ аз хобгоҳ сар кунанд, он гоҳ омадани онҳо маъние намекунад.

Имомуддин Сатторов хоҳиш аз шаҳрвандон кард, ки бе сабаби зарури қаламрави Русияро тарк накунанд, чунки маълум нест парвозҳои мунтазам кай оғоз мешаванд. Кормандони сафорати Тоҷикистон дар вохӯриҳо ва тариқи расонаҳои хабарӣ пештар огоҳ карда буданд, ба донишҷуён ва муҳоҷирон, то ки бе сабаби зарурӣ рафтан фоидае надорад.

Имрӯзҳо шаҳовандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интизори кушода шудани сарҳадҳои ҳавои бо Федератсияи Россия мебошанд, аммо то ҳол маълум нест. Тоҷикистон баъд аз оғози сарҳадкушои дар ҷаҳон бо Узбекистон аз 1 октябр роҳи заминиро кушодааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед