Ru  | Tj
Парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ ба маблағи 32 милён долар бо Бонки тавсеъаи Авруосиёро тасвиб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ ба маблағи 32 милён долар бо Бонки тавсеъаи Авруосиёро тасвиб кард
Акс sugd.tj

Парлумони Тоҷикистон созишномаи қарзӣ ба маблағи 32 милён долар бо Бонки тавсеъаи Авруосиёро тасвиб кард

Нашр шуд

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Бозсозии низомҳои обёрӣ» бо ҳазинаи 32 милён долар дар муддати 5 сол дар ноҳияҳои Зафаробод ва Гулистони вилояти Суғд 33 ҳазор ҳектор замини кишоварзӣ обёрӣ мешавад.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи ахири худ Созишномаи пешниҳоди қарзи сармоягузорӣ барои лоиҳаи «Бозсозии низомҳои обёрӣ» байни Тоҷикистон ва Бонки тавсеъаи Авруосиёро баррасӣ ва тасвиб кард. Дар ин бора нашрияи порлумонии “Садои мардум” хабар дод.

Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон дар ин ҷаласаи порлумон гуфт, ки созишномаи сармоягузорӣ дар ҳаҷми 32 милён долар ва муҳлаташ 20 сол аст. Ба гуфтаи вай, 8 соли аввали қарз имтиёзнок буда, баҳраи солонаи он 1 дарсад мебошад. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки 38,5 дарсади маблағи қарз ҳамчун кумаки молӣ ё худ грант пешниҳод мешавад.

Ҳадафи асосии лоиҳа тақвияти иқтидори низоми обёрӣ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, он дар ноҳияҳои Зафаробод ва Гулистони вилояти Суғд давоми солҳои соли 2024-2028 амалӣ мешавад.

Дар идома гуфта мешавад, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур бозсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд пешбинӣ мешавад, ки дар айни ҳол қисми зиёди таҷҳизоти он корношоям мебошад.

Дар натиҷа 33 ҳазор ҳектор замини кишоварзии ин ноҳия обёрӣ шуда, беш аз 4000 ширкати кишоварзии ин ноҳия фаъолияти моливу иқтисодии худро устувор мекунанд. Аз ҷумла 2378 ҳектор замин ба гардиши кишоварзӣ ворид шуда, 43,2 млн. кВт/соат неруи барқ дар як сол сарфа мегардад.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯби татбиқи ин лоиҳа 31 худраву созукор (механизм)-и вижа барои вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи марказ харидорӣ мешавад.

Гуфтанист, тибқи иттилоъи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон то кунун аз сӯйи Бонки тавсеъаи Авруосиё ва ниҳодҳои он дар ин кишвар 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 милён долар сармоягузорӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед