Ru  | Tj
Павел Дик - ҷавони ошиқ ба забони тоҷикӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Павел Дик - ҷавони ошиқ ба забони тоҷикӣ

Павел Дик - ҷавони ошиқ ба забони тоҷикӣ

Нашр шуд

Павел Дик - ҷавони зодаи шаҳри Турсунзода ва директор оид ба иқтисод ва ҳайати кормандони Ширкати Алюминии Тоҷикистон мебошад. Инчунин дар баробари вазифаи давлатии худ боз раиси ҷамъияти русҳоро низ бар душ дорад.

Диққати ҳамагон ба ин ҷавон пас аз баромади ӯ дар назди Асосгузорӣ сулҳу ваҳдад, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҷалб шуд, зеро ки, Павел ба тозагӣ бо забонӣ тоҷикӣ суханвари кард ва ҳатто шунаванда дар аввал тасаввур намекард, ки ин шахс рус ҳаст.

Ба гуфтаи Павел у танҳо аз хурди дар мактаб мисли дигар хонандагон забони тоҷикиро аз рӯи барномаи мактаби омухтанро оғоз намуд ва бо рафиқонаш дар суҳбат такмил медодааст. 

Аммо баъд аз дохил шавӣ ба Донишгоҳӣ Славянии Руссияву Тоҷикистон тариқи хондани асарҳои нависандагони тоҷик ва таҳлилҳо диққати зиёдтар ҷудо мекардааст. 

Ҳамаи аъзоёни хонаводаи Павел низ бо тоҷики гап мезананд ва Павел ваъда дод, ки ба фарзандаш низ меомузонад. Ба ғайр аз забони тоҷикӣ боз бо забонҳои англисӣ ва узбекӣ низ озодона ҳарф мезанад. Чун шаҳри Турсунзода аҳолии ӯзбекзабон зиёд дорад аз ҳамин сабаб узбекиро низ омухтааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед