Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Пешниҳоди Тоҷикистон барои таъсиси Бунгоҳи минтақавии дипломатияи нақлиётӣ
Нашр шуд
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Ҷаласаи 10-уми машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви СҲШ дар Деҳлӣ пешниҳод кард, ки бо назардошти воқеияти геополитикии муосир таъсиси як Бунгоҳи минтақавии дипломатияи нақлиётӣ зарур аст. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои ин манбаъ, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Ҷаласаи 10-уми машваратии вазирони нақлиёти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой, ки рӯзи 28-уми апрел дар пойтахти Ҳиндустон баргузор шуд, ширкат ва суханронӣ кард.
Гуфта мешавад, ки ширкаткунандагони ин ҷаласа «Консепсияи ҳамкории кишвраҳои узви СҲШ барои коҳиши партовҳои карбон дар нақлиёт, рушди таҳаввулоти рақамӣ ва фанновариҳои навоварона ҷиҳати таъмини боздеҳӣ ва устувории бештар»-ро баррасӣ ва тасвиб карданд.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар ин ҷаласа пешниҳод кард, ки бо ҳадафи рушди бештари ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт, коҳиш додани партовҳои карбон ва баланд бардоштани боздеҳии шабакаҳои нақлиётӣ дар қаламрави СҲШ зарурати таъсиси як Бунгоҳи минтақавии дипломатияи нақлиётӣ пеш омадааст.
Азим Иброҳим зикр намуд, ки рушди соҳаи нақлиёт аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб шуда, то имрӯз дар соҳаи нақлиёти ин кишвар 60 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 2 миллиард доллар амалӣ гардидаанд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ зиёда аз 2200 км роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ҳамроҳ бо зерсохтҳои зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Таъкид шуда, дар айни замон дар Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1 миллиарду 122 миллион доллар амалӣ мешаванд.
Гуфта мешавад, ки татбиқи ин лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёт барои афзоиши гардиши мол бо кишварҳои ҳамсоя мусоидат кард, аз ҷумла бо кишварҳои узви СҲШ мубодилоти тиҷоратӣ 126,4% ва аз рӯйи вазни хос 67,3% афзоиш ёфт.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир Ҳиндустон раиси амалкунандаи Созмони ҳамкории Шонгҳой мебошад. Созмони мазкур соли 2001 таъсис шуда, кунун Ҳиндустон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Покистон, Тоҷикистон ва Узбекистон узви он ҳастанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед