Ru  | Tj
Пизишкони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти ҷарроҳии муштарак анҷом доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пизишкони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти ҷарроҳии муштарак анҷом доданд
Акс: Halva.tj

Пизишкони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти ҷарроҳии муштарак анҷом доданд

Нашр шуд

Пизишкони Тоҷикистон ва Эрон дар самти баргузории амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ табодули таҷриба карданд. Дар ин бора Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, ки дар чаҳорчӯби сафари кории як гурӯҳ пизишкон аз Эрон ба Тоҷикистон табибони ду кишвар дар самти амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар бахшҳои саратон ва асаб табодули таҷриба карданд.

Аз ҷумла рӯзи 24-уми апрел дар бунгоҳи тандурустии “Истиқлол” бо ширкати раиси  Донишгоҳи илмҳои тибби шаҳри Шерози Эрон Воҳид Ҳусейнӣ ва пизишкони тоҷик аз тариқи эндоскопӣ амалиёти ҷарроҳии саратон анҷом шуд.

Бояд гуфт, ки чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар бахши саратони яке аз амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин давоми рӯз бо ширкати Тоҷикистон ва Эрон дар Бунгоҳи тандурустии “Истиқлол” амалиёти ҷарроҳии асаб ба тариқи эндоскопӣ низ анҷом шуд.

Дар ин хабар таъкид мешавад, ки ҳадаф ва мақсади роҳандозии табодули таҷриба бо табибони Эрон, ки ин кишвар дар бахшҳои ҷарроҳӣ дар ҷаҳон шуҳрат дорад, боз ҳам васеъ ба роҳ мондани чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ дар бахши тибби Тоҷикистон мебошад.

Дар муассисаи мазкур ҳайати меҳмонон бо пизишкони тоҷик дар самти ворид кардани усулҳои нави ташхису табобат гуфтугӯ анҷом дода, ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳо дар ин самт иброз доштанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед