Ru  | Tj
Примаков: бурсияҳо бояд зиёд карда шаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Примаков: бурсияҳо бояд зиёд карда шаванд

Примаков: бурсияҳо бояд зиёд карда шаванд

Нашр шуд

Тавре иброз дошт, роҳбари "Россотрудничество" ва вакили думаи давлатии Россия Евгений Примаков, бурсияҳо барои донишҷӯёни давлатҳои ИДМ ва кишварҳои Балтика зиёд карда шаванд ва дар умум системаи бурсияҳоро бояд иваз кард. 

Ба қавли у шумораи бурсияҳо то соли 2023 ду маротиба бояд афзояд ва дар ин ҷода аз таҷрибаи Лаҳистон бояд истифода бурд. Ҳамзамон донишҷӯён бояд идрорпулии хуб гиранд, то пас аз дарсҳои худ ба дигар корҳо ниёз надошта бошанд ва баъд аз хатм дар кишвари худ бо музди хуб кор ёбанд.

 Ин ақидаро пештар дигар вакили Думаи ФР Леонид Калашников изҳор намуда гуфта буд, ки шумораи бурсияҳоро то 30 ҳазор бояд расонд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед