Ru  | Tj
Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро барои ҷашни Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро барои ҷашни Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард
Акс: Михаил Климентев/ТАСС

Путин раисҷумҳури Тоҷикистонро барои ҷашни Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард

Нашр шуд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 5-уми май бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни ин суҳбат сарони ду кишвар ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Зикр мешавад, ки раҳбарони Тоҷикистону Русия дар суҳбат тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии ду кишварро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид карданд.

Инчунин омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд.

Сарони ду давлат ҳамчунин масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар мавриди марзи Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор анҷом додаанд.

Дар фарҷоми суҳбат Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро барои ширкат дар ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Маскав даъват кард.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон низ дар баробари бархе дигар аз кишварҳои пасошӯравӣ ҳамасола рӯзи 9 май аз солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷашн мегиранд. Бар асоси омори расмӣ, аз Тоҷикистон дар ин ҷанг 300 ҳазор нафар ширкат карданд, ки назди 100 ҳазор нафари онҳо дар майдони ҷанг шаҳид шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед