Ru  | Tj
Раисҷумҳури Узбекистон иқдомоти нави ҳимоят аз сармоягузорони хориҷиро эълон кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раисҷумҳури Узбекистон иқдомоти нави ҳимоят аз сармоягузорони хориҷиро эълон кард
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбекистон

Раисҷумҳури Узбекистон иқдомоти нави ҳимоят аз сармоягузорони хориҷиро эълон кард

Нашр шуд

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 2-юми май дар ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории Тошканд суханронӣ карда, чораҳои нави пуштибонии сармоягузорони хориҷиро эълон кард.
 
Аз ҷумла, ба гуфтаи Мирзиёев, мақомоти Узбекистон тасмим доранд, дар ин замина сармоягузорони хориҷиро аз пардохти молиёт (андоз) аз баҳраи саҳмияҳо ба муддати се сол озод кунанд.
 
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки муҳлати ба сармоягузорони хориҷӣ иҷора додани замин аз 25 то 49 сол тамдид шуда, муҳлати маҳдуди фаъолияти минтақаҳои вижаи иқтисодӣ бекор карда шавад.
 
Дар баробари ин қабули тарҳи нави қонуни сармоягузорӣ мувофиқи талаботи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат, озод кардани соҳибкорони дорои баланди устуворӣ аз санҷишҳои молиёт, оғози кори Додгоҳи байнулмилалии тиҷоратӣ дар назди Маркази байнулмилалии фанновариҳои диҷитолӣ барномарезӣ шудааст.
 
Ба гуфтаи Шавкат Мирзиёев, тайи ҳафт соли ахир ба Узбекистон беш аз 60 милярд долар сармояи хориҷӣ ҷалб шудааст. Бахусус барои соҳаи иҷтимоъӣ ва зерсохтҳо 14 милярд долар сармояи созмонҳои байнулмилалии молӣ равона гардид.
 
Дар идома таъкид мешавад, ки иқтисоди Узбекистон тақрибан ду баробар афзуда, дар соли гузашта 6% рушд кард.
 
Дар баробари ин зикр шуд, ки дар айни замон шаҳрвандони беш аз 90 кишвари ҷаҳон имкон доранд бидуни раводид ба Узбeкистон сафар кунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед