Ru  | Tj
"Росатом" дар Қирғизистон неругоҳҳои бодӣ бо зарфияти 1ГВт бунёд мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Росатом" дар Қирғизистон неругоҳҳои бодӣ бо зарфияти 1ГВт бунёд мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

"Росатом" дар Қирғизистон неругоҳҳои бодӣ бо зарфияти 1ГВт бунёд мекунад

Нашр шуд

Ширкати «Росатом» ва Вазорати неруи Қирғизистон тарҳи афзоиш додани иқтидори манбаъҳои неруи таҷдидпазирро то 1 ГВт амалӣ месозанд. Созишнома дар заминаи таҳия ва татбиқи лоиҳа дар ҷараёни намоишгоҳи «Атомэкспо» рӯзи 26-уми март дар Сочӣ миёни ду ҷониб ба имзо расид. Дар ин бора вебгоҳи "Атоммедиа" хабад дод.

Ба навиштаи ин манбаъ, лоиҳа дар ду марҳила амалӣ карда мешавад. Дар марҳилаи аввал татбиқи тарҳи озмоишии сохтмонсозии неругоҳи бодӣ бо иқтидори 100 МВт дар вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон пешбинӣ шудааст. Ҳазинаи амалисозии ин тарҳ ҳудуди 100 милён долар арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар айни замон барои ҷойгир кардани неругоҳи бодӣ пажуҳиш идома дорад ва дастгоҳи арзёбии неруи бод дар ин минтақа насб карда шудааст. 

Аз сӯйи дигар дар таъкид мешавад, ки марҳилаи дувум таҳияи майдонҳо барои ҷойгирсозии неругоҳҳои энержии барқароршаванда бо иқтидори умумии то 900 МВт пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки иқтидори кунунии неругоҳҳои бодии ширкати "Новавинд" зерсохтори Росатом дар Русия бештар аз 1 ГВт аст. 

Дар маҷмуъ то соли 2027 ширкати "Росатом" неругоҳҳои бодиро бо иқтидори умумии тақрибан 1,7 ГВт ба баҳрабардорӣ мерасонад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед