Ru  | Tj
Русия барои муҷаҳҳаз сохтани бунгоҳи наҷотбахшӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия барои муҷаҳҳаз сохтани бунгоҳи наҷотбахшӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад
Sputnik / Maxim Grigoryev /

Русия барои муҷаҳҳаз сохтани бунгоҳи наҷотбахшӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад

Нашр шуд

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия бунгоҳи таълимии наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистонро бо абзор ва таҷҳизоти техникии муосир  таъмин мекунад. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.

«Роҳбарияти Федератсияи Русия  ташаббуси Вазорати ҳолатҳои изтирории кишвар ҷиҳати муҷаҳҳаз кардани марказ бо таҷҳизот ва тренажорҳоро дастгирӣ намуд», - зикр шудааст дар ин хабар.

Гуфта мешавад, ки Русия ният дорад, барои кормандони Бунгоҳи миллии омодасозии наҷотдиҳандагон, ки дар Тоҷикистон таъсис мешавад, таҷҳизоти муосири заруриро таъмин созад.

Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия таъкид кардааст, ки дар шароити печидаи вазъи байналмилалӣ сохторҳои наҷотбахшии ду кишвар ҳамкориҳоро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода ба таври мунтазам густариш медиҳанд.

Бояд гуфт, ки қаблан Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон гуфта буд, ки Русия дар соли 2023 дар минтақаи Қаратоғ барои Тоҷикистон як тамрингоҳи таълимӣ барои наҷотдиҳандагони ин кумита бунёд мекунад.

Таъкид мегардад, ки дар ин тамрингоҳ наҷотбахшон усулҳои амалиёти наҷотдиҳӣ дар биноҳои харобшуда, аз зери харобахои бинохо баровардани зарардидагон, кушодан ва гузаштани блокҳои оҳану бетониро тамрин мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед