Ru  | Tj
"Русия бояд тавонотар шавад". Путин дар интихобот беш аз 87 дарсад раъй гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Русия бояд тавонотар шавад". Путин дар интихобот беш аз 87 дарсад раъй гирифт
Акс: "РИА Новостӣ"

"Русия бояд тавонотар шавад". Путин дар интихобот беш аз 87 дарсад раъй гирифт

Нашр шуд

Кумисюни марказии интихоботи Русия пас аз шумориши 95 дарсади баргаҳои раъйгирӣ эълон кард, ки раисҷумҳури феълии ин кишвар Владимир Путин беш аз 87 дарсади овозҳоро соҳиб шуд.

Интихоботи раисҷумҳур дар Русия Рӯзи 17-уми март ба поён расид. Бар асоси натоиҷи шумориши 95 дарсади аснод, раҳбари феълии ин кишвар Владимир Путин бо  87,32% пешсаф аст. Дар ҷойи дуюм номзад аз Ҳизби камунистии Русия Николай Харитонов - 4,28%, баъдан Владислав Даванков ("Одамони нав") - 3,85% ва Леонид Слутский (ЛДПР) - 3,16% қарор доранд.

Наздик ба нисфи шаб Владимир Путин ба ситоди интихоботии худ омада, ба кормандони он изҳори сипос кард ва таъкид кард, ки Русия бояд боз ҳам қавитар, тавонотар ва муассиртар шавад. 

Вай ҳамчунин ба ҳамаи шаҳрвандон, ки овоз доданд, изҳори сипос гуфт.

Бояд гуфт, ки барои нахустин бор овоздиҳӣ дар интихоботи раисҷумҳури Русия дар тӯли се рӯз - 15, 16 ва 17 март баргузор шуд. Охирин марказҳои раъйгирӣ дар вилояти Калининград дар соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ (21:00 бо вақти Маскав) баста шуданд.

Тибқи иттилоъи Кумисюни марказии интихоботи Русия, дар ин кишвар то соати 18:00 ба вақти Маскав 74,22 дарсади интихобкунандагон дар интихобот ширкат карданд. Дар ин миён 4,4 милён нафар тариқи раъйдиҳии бархат (онлайнӣ) дар интихоботи кишвардори Русия ширкат карданд.

Раисҷумҳур дар Русия ба муҳлати шаш соли интихобот мешавад. Интизор аст маросими ёди савганд аз сӯйи раисҷумҳури Русия моҳи майи соли ҷорӣ баргузор шавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед