Ru  | Tj
Русия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо хатарҳои густариши вабо мубориза мебаранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо хатарҳои густариши вабо мубориза мебаранд
Акс: radio1.ru

Русия ва Тоҷикистон ҳамроҳ бо хатарҳои густариши вабо мубориза мебаранд

Нашр шуд

Русия ҳамкориҳоро бо Тоҷикистон дар заминаи таъмини амнияти беҳдоштӣ бо ҳадафи ҳифзи саломатии шаҳрвандони ду кишвар идома медиҳад. Ҷонибҳо дар бораи ҳамкорӣ дар ташкили назорати пешгирикунандаи бемории вабо ва баргузории тадқиқоти муштарак ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора дафтари матбуотии “Роспотребнадзор” хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, Вазорати тандурустии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти “Роспотребнадзор”-и Русия тасмим гирифтанд, ки барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории вабо дар ин кишвар ҳамкорӣ кунанд.

Анна Попова, сардори хадамоти “Роспотребнадзор” ва Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ахиран дар чаҳорчӯби як видеоконфронс барои таҳкими ҳамкориҳо дар ин замина ба мувофиқа расиданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз хадамоти “Роспотребнадзор” дархост кард, ки дар ташкили назорати пешгирикунандаи ин беморӣ, ҳамчунин омодагӣ ба авҷгирии эҳтимолии вазъи эпидемиологӣ, аз ҷумла дар навоҳии наздимарзӣ мусоидат кунад.

"Тарафҳо дар заминаи ҳамкории муштарак, аз ҷумла омӯзиши мутахассисони варзидаи тоҷик аз ҷониби Русия, тақвияти зарфияти озмоишгоҳҳои Тоҷикистон, анҷоми пажӯҳишҳои муштарак ва ҳамчунин тамринҳо ба мувофиқа расиданд", -  гуфта мешавад дар ин хабар.

Афзкн бар ин мутахассисони рус ба Тоҷикистон сафар карда, бо ҳамтоёни тоҷики худ бевосита ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки ба Тоҷикистон олимони Пажуҳишгоҳи зиддивабои Ростови лаби Дон, Пажуҳишгоҳи “Микроб” ва Пажуҳишгоҳи марказии эпидемиологияи Русия кумак хоҳанд кард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед