Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ба шинонидани 13 млн дарахту бутта ва гулҳо дар Душанбе дастур дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

 Рустами Эмомалӣ ба шинонидани 13 млн дарахту бутта ва гулҳо дар Душанбе дастур дод

Рустами Эмомалӣ ба шинонидани 13 млн дарахту бутта ва гулҳо дар Душанбе дастур дод

Нашр шуд

Корхонаву ташкилотҳо ба таъмини нигоҳубини минбаъдаи онҳо низ вазифадор шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки дар давраи тирамоҳу баҳору солҳои 2020-2021 корҳои шинонидану дарахту бутта ва гулҳоро дар шаҳр ба роҳ монанд.

Мувофиқи қарори раиси пойтахт, тирамоҳи соли ҷорӣ ва баҳори соли оянда дар қаламрави шаҳр ҳамагӣ беш аз 13 млн дарахтону бутта ва гулҳои гуногун шинонида мешаванд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дафтари матбуоти шаҳрдорӣ хабар дод, дар ин давра дар пойтахти Тоҷикистон бояд зиёда аз 64 ҳазор ниҳоли дарахтони гуногун, инчунин ҳудуди 12,5 млн кӯчати буттаву гулҳо шинонида шаванд.

Гуфта мешавад, корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, бояд дар гирду атрофи мавзеи худ шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар ин давра ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд.

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/power/20200902/rustami-emomal-ba-shinonidani-13-mln-darah...

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед