Ru  | Tj
Рузи дуюми мавсими байналмиллалии ҳафтаи муд дар шаҳри Душанбе сипари шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рузи дуюми мавсими байналмиллалии ҳафтаи муд дар шаҳри Душанбе сипари шуд

Рузи дуюми мавсими байналмиллалии ҳафтаи муд дар шаҳри Душанбе сипари шуд

Нашр шуд

Рузи дуюми мавсими байналмиллалии ҳафтаи муд дар шаҳри Душанбе сипари шуд. Tajikistan fashion week имсол 5 солагиашро ҷашн гирифт.

Иштирокчиёни имрӯза аз 8 тарроҳони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Испания иборат буданд.

Тарроҳ Фархунда Файзуллоева аз Тоҷикистон бори нахуст маҷмӯаи худро, ки барои кӯдакон эҷод кардааст, намоиш дод. Дар минбар ӯро кӯдакони маъюби камшунаво муаррифи намуданд.

Хотиррасон мекунем ки имсол бори нахуст тариқи онлайн пешкаш мегардад. Хоҳишмандон метавонанд дар шабакаи Youtube мустақиман тамошо кунанд.

Лоиҳаи фарҳангӣ-иҷтимоии Tajikistan fashion week аз тарафи иттиҳодияи эҷодии T & Z тамоюли самти афзалиятноки миллӣ барои дастгирии тарроҳони боистеъдод ва ба сатҳи нав баровардани онҳост. 

Шарикони расмии ин чорабинӣ имсол Global Fashion Week Berlin and New Yourk, Oriental Fashion Show Paris, Aspara Fashion Week, Week Fashion Fashion Week, Kazakhstan Fashion Week, Burana Fashion Week, SerbiaFashionWeek, AzerbaijanFashionWeek, UzbekistanFashionWeek, MercedesBenzFashionWeek Moscow ва ғайра мебошанд. Дастгирии умумии иттилоотӣ ба ин чорабинӣ аз ҷониби гурӯҳи Media Asia-Plus расонида мешавад, инчунин чорабиниро шабакаи телевизионии интернетии World Styles, шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон Сафина, Душанбе HD ва Синамо пахш мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед