Ru  | Tj
Санҷиши муовини вазири маориф камбудиҳоро дар мактабҳои вилояти Хатлон ошкор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Санҷиши муовини вазири маориф камбудиҳоро дар мактабҳои вилояти Хатлон ошкор кард

Санҷиши муовини вазири маориф камбудиҳоро дар мактабҳои вилояти Хатлон ошкор кард

Нашр шуд

Рӯзи 29-уми апрел Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва Шарофиддин Асомиддинзода, сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доираи сафари корӣ бо вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, нахуст масъулин аз мактаби миёнаи умумии №2-и ноҳияи Восеъ боздид карданд, ки дар он 1299 донишомӯз таҳсил мекунад.

Гуфта мешавад, ки муовини вазири маориф ба синфи 9 «А» ворид шуд ва санҷиш нишон дод, ки рӯзномаҳои донишомӯзон ҳафтаҳо боз аз ҷониби падару модарон имзо нагардидааст. Масъалаи дигари боиси нигаронӣ наовардани китобҳои дарсӣ аз сӯйи муҳассилин аст. Новобаста ба он ки тибқи ҷадвали рӯз донишомӯзон 5 соат дарс доштанд, ҳамагӣ 1 нафар хонанда 3 китоб, 3 нафар 2 китоб ва баъзеҳо умуман бо худ китоби дарсӣ наоварда будаанд.

Дар идомаи санҷиш маълум шуд, ки дар синфи 11 «Б» аз 28 нафар донишомӯз ҳамагӣ 16 нафар иштирок дошта, дар дарси забони инглисӣ ягон нафар бо худ китоби дарсӣ наовардааст. Ҳамагӣ чанд нафар донишомӯз бо худ 1 ё 2 номгӯйи китоби дарсӣ оварда, 9 нафар бе китоб ба дарс ҳозир шудаанд, ҳол он ки ҳамаи муҳассилин бо китобҳои дарсӣ таъмин гардидаанд.

Аз сӯйи дигар гуфта мешавад, ки дар маҷмӯъ аз 85 нафар хатмкунандаи синфи 11 ҳамагӣ 56 нафар ба Бунгоҳи миллии тестӣ барои шомил шудан ба мактабҳои таҳсилоти олӣ ҳуҷҷат супоридаанд.

Дар идомаи ин сафари корӣ масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Восеъ боздид карда, бо фаъолият ва замина моддиву таълимии он шинос шуданд.

Инчунин дар доираи ин сафар Зиёдулло Абдулзода, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо мудирони мактабҳои таҳсилоти миёнаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ дидору мулоқот кард.

Дар ин мулоқот асосан вазъи омодагии хатмкунандагони муассисаи таълимӣ ба имтиҳонҳои Бунгоҳи миллии тестӣ, интихоби касб ва омӯзиши забонҳои русӣ ва инглисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед