Ru  | Tj
Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд

Сармоягузорони фаронсавӣ ба Тоҷикистон омаданро баъди пандемия ваъда доданд

Нашр шуд

Байни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Фаронса (МЕДЕФ) тариқи видеоконфронс ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, дар кори ҷаласаи Шӯро роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Фаронса ва Фаронса дар Тоҷикистон ва бахши хусусии Тоҷикистону Фаронса иштирок намуданд.

“Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби Кумита барои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд”, - омадааст дар хабари Кумита.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Фаронса ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, парвариши меваҳои баландсифат, сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.

Роҳбарияти MEDEF иброз намуд, ки дар мавриди ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологии вобаста ба падемияи коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон, омодааст ҳайати доираҳои соҳибкорию сармоягузории Фаронсаро ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои соҳа ба Тоҷикистон сафарбар намояд.

Манбаъ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20200914/sarmoyaguzoroni-faronsav-ba-toikiston-omadanro-badi-pandemiya-vada-dodand


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед