Ru  | Tj
Сайди ғайриқонунии моҳӣ дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сайди ғайриқонунии моҳӣ дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст
Акс: tajnature.tj

Сайди ғайриқонунии моҳӣ дар вилояти Суғд афзоиш ёфтааст

Нашр шуд

Танҳо дар як ҳолати ошкоршуда зарари сайди ғайриконунии моҳӣ дар вилояти суғд 5440 сомониро ташкил дод.

 Бино ба иттилои хабаргузории "Суғднюз", зимни як амалиёти кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ашт ва Бахши пулиси экологӣ дар вилояти Суғд дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкур як худрави «Опел»-ро боздошт намудаанд.

 Гуфта мешавад, ки аз дохили худрави мутаалиқ ба сокини ноҳияи Ашт Соликов. А.О. моҳии сайдшуда ошкор шудааст.

 "Маълум гардид, ки номбурда бар хилофи манъи шикор ғайриқонунӣ ба моҳидорӣ машғул буда, бо ин амал ба маблағи 5440 сомонӣ зарар расонидааст", - омадааст дар хабар.

 Боз як ҳодисаи сайди ғайриқонунӣ дар шаҳри Конибодом ошкор шудааст. Аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ин шаҳр ошкор карда шудааст, ки шаҳрванд Р.Қ. Холматов дар давраи тухмгузорӣ даст ба сайди моҳӣ задааст. Дар робита ба ин кирдор нисбати номбурда маводи дахлдор тартиб дода, ба додситонии шаҳри Конибодом фиристода шудааст.

 Инчунин дар як ҳолати дигари сайди ғайриқонунии моҳӣ дар минтақаи Сумчаки дарёи Сир қонунвайронкунӣ ошкор карда шудааст. Афроди қонуншикан бо истифода аз заврақ ва абзори мамнуъ барои шикори моҳӣ, яъне шасти барқӣ 65 сар моҳиҳоро сайд намудаанд, ки арзиши зарари ба муҳити зист расонидашуда, 4420 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои қонунӣ нисбати ин ҳолат маводҳо ба Додситонии вилояти Суғд пешниҳод карда шудааст.

 Дар ҳамин ҳол Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд иттилоъ медиҳад, ки дар давраи манъи сайди моҳӣ дар обанборҳои ин вилоят 78 маротиба амалиётҳо гузаронида шуд.

 Ҳамчунин, 78 адад санади азназаргузаронӣ тартиб дода шуда, нисбати афроди тахаллуфкор 15 адад протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 мавод дар давраи тухмгузорӣ ба Додситонии вилояти Суғд барои андешидани чораҳои маъмурӣ пешниҳод гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед