Ru  | Tj
Сайёҳии Тоҷикистон баъд аз коронавирус

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сайёҳии Тоҷикистон баъд аз коронавирус

Сайёҳии Тоҷикистон баъд аз коронавирус

Нашр шуд

Пеш аз сар задани пандемияи коронавирус зиёда аз 1 млрд нафар ба ҳар намуди сайёҳӣ (истироҳат, тиҷорат, сафарҳои кори, муолиҷа, муҳоҷират ва ғайра) машғул буданд. Аммо пас аз эълон намудани пандемия олам аз ҳаракат боз монд, чун тамоми намуди ҳаракатҳои байналмиллали маън шуданд. Ва ин, боиси он гардид, ки иқтисоди тамоми кишварҳои ҷаҳон зарари ҷидди диданд. 

Даромади зиёди кишварҳо бевосита аз ин соҳа вобастагӣ дошт ва қисми калони ММД аз даромади ин соҳа ташкил медод. Тамоми меҳмонхонаҳо ва фурудгоҳҳои байналмиллалӣ бештар аз ҳама зиён диданд. Ба ғайр аз ин, барои миллионҳо шаҳрвандон ва соҳибкорони хурд дар соҳаи хизматрасони ҷойҳои кори доими фароҳам меовард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар солҳои охир соҳаи сайёҳии худро беҳтар намуд ва дар соли гузашта бар шумораи ташриф овардагон зиёда аз 1 миллионро ташкил дода буд, боз як муддат ба ақиб зад. 

Тавре муовини раиси кумитаи рушди сайёҳӣ қайд намуд "Дар 9 моҳи охир соҳаи сайёҳӣ ба 50 сол ақиб монд. Ва барои барқарор намудан аз он ҷумла барои Тоҷикистон тақрибан 3 ё 4 сол лозим меояд. Соҳаи сайёҳӣ - соҳаи зудбарқароршаванда мебошад, нисбат ба дигар соҳаҳо".

Албатта пешгуи кори хуб нест, аммо дар ин сурат баъд аз паст шудани сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷаҳон минбаъд онҳо баҷои истироҳатгоҳҳои машҳуру гарон шояд ба кишварҳои начандон қиммат ташриф оранд. Аз ҳамин сабаб умед бар он бастан лозим аст, ки туристҳо барои худ харитаи худро тағйир диҳанд.

Баъд аз он, ки Ӯзбекистон сарҳадҳои худро кушода эълон намуд, Тоҷикистон низ дар фикри чораҷӯӣ мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед