Ru  | Tj
Семён Григорев: Таҳримҳои Ғарб ба кори Русия дар Осиёи Марказӣ таъсир намерасонанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Семён Григорев: Таҳримҳои Ғарб ба кори Русия дар Осиёи Марказӣ таъсир намерасонанд
Акс: Сафорати Русия дар Тоҷикистон

Семён Григорев: Таҳримҳои Ғарб ба кори Русия дар Осиёи Марказӣ таъсир намерасонанд

Нашр шуд

Сафири Русия дар Душанбе гуфт, ки таҳримҳои Ғарб ба кори Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсир намерасонанд.

Вазъ дар Украин ва Афғонистон ва ҳамчунин фишори таҳримҳои афзояндаи кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия ба натоиҷи кори ин кишвар бо кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ намерасонад. Дар ин бора Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 12-уми апрел зимни суханронӣ дар нишасти илмии «Муколамаи тамаддунии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар Душанбе изҳор дошт.

«Созукори ҳамкории Русия бо кишварҳои пасошуравӣ ва Осиёи Марказӣ, ки ҳам бар асоси равобити дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои бонуфузи  байнулмилалӣ асос ёфтаанд, самаранокии худро собит карданд. Буҳрони Украин, ташаннуҷи давомдор дар Афғонистон,  фишори афзояндаи таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи кишвари мо аз ҷониби Ғарб ва бавосита рӯйи кишварҳои минтақа ба натиҷаҳои кори мо бо шарикон таъсири ҷиддие намерасонад”, - гуфт Григорев.

Дипломати рус зикр кард, ки дар баробари таъмини амнияти минтақа ҳадафи афзалиятноки Русия мусоидат ба ҳаракати озоди мол, хидматрасонӣ, сармоя ва неруи корӣ, ҳамчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад.

"Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё нақши хеле муҳимро мебозад, баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ узви ин созмон мебошанд. Ин шакли олии ҳамгироии иқтисодӣ ва иҷтимоъии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар марҳилаи кунунӣ мебошад. Мо умедворем, Тоҷикистон, ки таҷрибаи узвияти ҳамсояҳои дигари худро дар ин созмон меомӯзад, бо ҳамин роҳ пеш меравад», - гуфт сафири Русия.

Бояд гуфт, ки ин нишасти илмӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамоиши байнулмилалии илмиву амалии «Русия ва ҷаҳон: муколама – 2024. Неруҳои ҷазбкунанда», ки аз сӯйи Пажуҳишгоҳи миллии рушди иртибототи Маскав баргузор мешавад, ҷараён дорад.

Ин ҳамоиши илмӣ бо мусоидати  Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон  баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони Фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон, Фарҳангистони дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Фарҳангистони улуми Русия ширкат доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед