Ru  | Tj
Шаҳрванди Тоҷикистон аз тири марзбонҳои қирғиз захмӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳрванди Тоҷикистон аз тири марзбонҳои қирғиз захмӣ шуд
Акс: Sputnik / Игорь Егоров

Шаҳрванди Тоҷикистон аз тири марзбонҳои қирғиз захмӣ шуд

Нашр шуд

Як шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми ҷустуҷӯи писари ноболиғаш, ки дар хати марзии Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуда буд, аз ҷониби марзбонони қирғиз захмӣ шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод.
 
Ин манбаъ менависад, ки рӯзи 7 май, соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ, шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷони 34 сола, миллаташ узбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4, ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд бо мақсади рӯшани андохтан ба сарнавишти писари ноболиғаш, Абдуллоев Рамзан, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шудааст, ният дошт ба низомиёни қирғиз дар деҳаи Сулюкта муроҷиат кунад.

Дар идома зикр мешавад, ки ягон амал ё кирдоре, ки бо суннати ҳамсоягии нек мухолиф аст, вобаста ба мақоми иҷтимоии худ (муаллими таърих) Олимҷон Абдуллоев нишон надодааст, вале ба муқобили ӯ силоҳи оташфишон истифода шуд, ки дар натиҷаи номбурда захмӣ ва дар шифохона бистарӣ шуд.

Таъкид мешавад, ки мақомоти дахлдори ду давлат ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд ва вазъият дар марзи ду кишвар таҳти назорат қарор дорад.

Аммо ҷониби Қирғизистон мегӯяд, ки 7 май тақрибан соати 12:20 дар наздикии деҳаи Ак-Босогои ноҳияи Лейлеки вилояти Бодканд сарҳадбонони қирғиз шаҳрвандони Тоҷикистон – чӯпононеро мушоҳида карданд, ки дар қаламрави Қирғизистон чорво мечаронданд.

Тавре зикр мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон "талаботи марзбононро дар бораи хуруҷ аз қаламрави Қирғизистон нодида гирифта, болои сарбозон ба сангандозӣ шурӯъ кардаанд".

 “Яке аз чӯпонҳо ба сӯи марзбони Қирғизистон 2-3 тир холӣ карда, сарҳадбонони Қирғизистон ба ҳаво тир кушода, ҳушдор медиҳанд ва пас аз он чӯпонон ба қаламрави Тоҷикистон фирор кардаанд”,- иддао дорад ниҳоди марзбони Қирғизистон.

Бояд гуфт, ки охирин даргирии ҷиддӣ дар марз дар ибтидои тирамоҳи соли 2022 сар зад, ки аз ҷониби Қирғизистон беш аз 60 нафар кушта шуданд. Дар маҷмӯъ, аз соли 2014 то кунун дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон 10 низоъи ҷиддӣ рух додааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед