Ru  | Tj
Ширкатҳои Қатар 12 миллиард доллар дар Узбакистон сармоягузорӣ хоҳанд кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкатҳои Қатар 12 миллиард доллар дар Узбакистон сармоягузорӣ хоҳанд кард
Акс: Дафтари матбуотии раисҷумҳури Узбакистон

Ширкатҳои Қатар 12 миллиард доллар дар Узбакистон сармоягузорӣ хоҳанд кард

Нашр шуд

Ширкатҳои бонуфузи Қатар дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар Узбакистон ба маблағи беш аз 12 миллиард доллар ширкат хоҳанд кард. Дар ин бора ҷонибҳо дар ҷараёни сафари давлатии амири Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисҷумҳури Узбакистон.

Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энержӣ, саноати газ, кимиё, кишоварзӣ, инфрасохтор, ҳамлунақл, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо ба нақша гирифта шудааст. Пешниҳод шудааст, ки созишномаҳои дахлдор моҳи сентябр дар форуми сармоягузории Узбакистону Қатар баррасӣ ва баста шаванд.

Гуфта мешавад, ки дар мулоқоти раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва Амири Қатар, ки рӯзи 6-уми июн дар Самарқанд баргузор шуд, омодагӣ ба афзоиши чандкаратаи нишондиҳандаҳои савдои дуҷониба, фаъолсозии табодули фарҳангӣ, маърифатӣ ва сайёҳӣ, роҳандозии парвозҳои мунтазам байни Тошканд ва Давҳа баррасӣ шуд.

Дар баробари ин баъди музокироти сатҳи олӣ миёни Узбакистон ва Қатар 15 санади нави ҳамкорӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ, андоз, гумрук ва муҳоҷирати корӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, сафари амири Қатар ба Узбакистон нахустин сафари сатҳи олӣ дар таърихи 25 соли равобити дипломатии ду кишвар буд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти Узбакистон низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Қатарро то 30 рӯз афзоиш доданд. Дар ин бора фармони раисҷумҳури Узбакистон ба имзо расид, хабар медиҳад вебгоҳи Podrobno.uz.

Қобили зикр аст, ки дар соли 2022 гардиши мол миёни Узбакистон ва Қатар ҳудуди 4,8 милюн долларро ташкил додааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед