Ru  | Tj
Ширкати заршӯйии Русия 200 нафар хатмкунандаи донишгоҳи Тоҷикистонро ба кор ҷалб мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ширкати заршӯйии Русия 200 нафар хатмкунандаи донишгоҳи Тоҷикистонро ба кор ҷалб мекунад
Акс: juniorrm.ru

Ширкати заршӯйии Русия 200 нафар хатмкунандаи донишгоҳи Тоҷикистонро ба кор ҷалб мекунад

Нашр шуд

Ширкати «Южуралзолото» бо Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон тавофуқ кард, ки заминшиносон, муҳандисони маъдан, ҳаффорӣ, муҳандис-механик ва энергетикҳоро ба кор кабул мекунад.

Яке аз бузургтарин корхонаҳои истихроҷи тило дар Русия - гурӯҳи ширкатҳои "Южуралзолото" имсол 200 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо кор таъмин хоҳад кард. Дар ин бора консулгарии генералии Русия дар Хуҷанд пас аз мулоқоти намояндагони ширкат бо роҳбарияти донишгоҳ дар шаҳри Бӯстон хабар дод.

Гутфа мешавад, ки рӯзи 27-уми март дар Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти кории намояндагони «Гурӯҳи ширкатҳои «Южуралзолото»-и шаҳри Челябинск ва раҳбарияти донишгоҳи мазкур баргузор гардид.

Дар раванди мулоқоти корӣ тавофуқ шуд, ки Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 200 нафар донишҷӯро барои кор дар ширкати «Южуралзолото» аз рӯйи ихтисосҳои заминшинос — 10 нафар, муҳандиси кӯҳкорӣ – 30 нафар, муҳандиси конҳои кушод ва зеризаминӣ— 30 нафар, ҳаффорӣ - 10 нафар, мутахассиси ғанисозии маъдан– 30 нафар, муҳандис-механик — 20 нафар ва энергетик — 30 нафар омода мекунад.

Дар ин замина зикр шуд, ки ширкати «Южуралзолото» дар соли равон омода аст, ки 200 нафар хатмкунандаи Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистонро бо музди аз 100 ҳазор рубл ба кор қабул кунад. Аз сӯйи дигар аз 1-уми апрел ширкати мазкур донишҷӯёнро барои омӯзиши амалӣ бо музди 30 ҳазор рубл ва пардохти харҷи роҳкиро ва зист қабул мекунад.

Дар идома гуфта мешавад, ки моҳи апрели соли равон К.И.Струнов, раиси гурӯҳи ширкатҳои «Южуралзолото» барои имзои созишномаи дахлдор шахсан ба Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ба шаҳри Бӯстон меояд.

Қобили зикр аст, ки «Гурӯҳи ширкатҳои «Южуралзолото» яке аз калонтарин ширкатҳои истихроҷи тило дар Русия буда, коргоҳҳои истеҳсолиаш дар вилояти Челябинск, ҷумҳурии Хакасия ва кишвари Красноярск ҷойгиранд.

Бояд гуфт, ки дар соли 2023 ширкати «Южуралзолото»-и Русия 12,8 тон тило истихроҷ карда, ҳадаф дорад, ки дар соли равон тавлиди тилоро аз 20 то 30 дарсад афзоиш диҳад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед