Ru  | Tj
Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 26% зиёд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 26% зиёд шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Шумораи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон беш аз 26% зиёд шуд

Нашр шуд

Дар семоҳаи аввали соли равон сафари сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон нисбати соли қабл 26,8 дарсад афзудааст. Дар ин муддат шаҳрвандони 127 кишвари ҷаҳон аз Тоҷикистон боздид кардаанд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳии вобастаи ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар семоҳаи якуми соли равон шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон ба беш аз 265 ҳазор кас расид, ки ин нишондод нисбати соли гузашта 71 ҳазор нафар ё 26,8 дарсад бештар аст.

Гуфта мешавад, ки дар се моҳи соли ҷорӣ сайёҳон аз 127 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон омадаанд ва дар панҷгонаи аввал шаҳрвандони Узбекистон, Русия, Қазоқистон, Чин ва Туркия қарор доранд.

Аз ҷумла дар се моҳи аввали соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 205,1 ҳазор сайёҳ аз Узбекистон (+77,4%), Русия – 31,9 ҳазор нафар (+ 12,0%), Қазоқистон – 7,1 ҳазор нафар (+2,7%), Чин – 2,8 ҳазор нафар (+1,1% ) ва аз Туркия 2,5 ҳазор нафар (+ 0,9%) омадаанд.

Ҳамчунин афзоиши шумораи сайёҳон дар Тоҷикистон аз кишварҳои Туркманистон, Олмон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон ва Афғонистон низ мушоҳида шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки тибқи оморҳои расмӣ дар соли 2023 аз Тоҷикистон 1 милёну 256 ҳазор сайёҳ боздид карданд, ки нисбати соли қабл 20,2 дарсад афзоиш ёфт.

Дар соли гузашта аз Тоҷикистон шаҳрвандони 121 кишвари ҷаҳон боздид карданд, ки аз назари шумора 92 дарсади онҳо шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ мебошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед