Ru  | Tj
Созишномаи Мегафон бо Донишгоҳи Хоруғ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Созишномаи Мегафон бо Донишгоҳи Хоруғ

Созишномаи Мегафон бо Донишгоҳи Хоруғ

Нашр шуд

Имрӯз Донишгоҳи давлатии Хоруғ бо МегаФони Тоҷикистон ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд. Яке аз Операторони пешсафи соҳаи телекоммуникатсия барои ташаккули барномаҳои муштараки таълимӣ ширкат варзида, инчунин дар татбиқи технологияҳои навтарини рақамӣ дар фаъолияти таълимии донишгоҳ саҳм хоҳад гузошт.

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҳар як муассисаи олии таълимӣ бояд ҳал кунад, коҳиш додани "тафовут" байни назария ва амалия мебошад. Технологияҳои муосир, алахусус дар соҳаи телекоммуникатсия, босуръат рушд мекунанд, пайдоиши насли ояндаи таҷҳизоти алоқа дар ҳар чанд сол рух медиҳад. Дар чунин вазъ, китобҳои дарсӣ танҳо барои ба назар гирифтани ҳама навовариҳо вақт надоранд.

Ҳалли мушкилот дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешрафтае, ки дар Тоҷикистон навовариҳо ҷорӣ мекардаги мебошад. Дар доираи созишнома мутахассисони МегаФон ба муаллимони кӯмак мерасонанд, ки барномаҳои омӯзишӣ барои муҳандисони ҷавонро таҳия кунанд ва инчунин дар татбиқи технологияҳои нави таълим саҳмгузор бошанд. Созишномаи ҳамкориро ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Шермамад Ҷонмамадов ва директори департаменти минтақавии МегаФон Тоҷикистон дар ВМКБ Раим Садоншоев имзо карданд.

Барои мутахассисони соҳаи телекоммуникатсионӣ доштани маълумоти нав дар бораи технологияҳои мавҷуда муҳим аст. "Ширкати Мегафон аввалин шуда, навовариҳои зиёдеро ҷорӣ карда истодааст - масалан, имсол маҳз МегаФон Тоҷикистон нахустин порчаи шабакаи 5G дар кишварро ба кор даровард.

Мақсади Мегафон бо донишҷӯён мубодилаи таҷриба ва дониш кардан ва ба муаллимони донишгоҳҳо дар мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва татбиқи технологияҳои навтарини рақамӣ барои омода кардани муҳандисони ҷавон кӯмак расонидан мебошад"- гуфт Раим Садоншоев.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед