Ru  | Tj
СПАД дар соли 2024 ҳафт размоиш баргузор хоҳад кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СПАД дар соли 2024 ҳафт размоиш баргузор хоҳад кард
Акс: © Sputnik / Виктор Толочко

СПАД дар соли 2024 ҳафт размоиш баргузор хоҳад кард

Нашр шуд

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аз барномаи баргузории ҳафт размоиш дар соли 2024 хабар дод.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ  дар соли равон ҳафт машқи низомӣ, аз ҷумла "Рубеж-2024"-ро баргузор хоҳад кард. Дар ин бора Имонгалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли СПАД дар мусоҳиба бо маҷаллаи "Мудофиаи миллӣ" хабар дод.

«Омӯзиши фармондеҳии роҳбурдӣ ва фаъолияти ситодҳои муштарак, котибот ва вазорату ниҳодҳои марбутаи кишварҳои узви СПАД, барномаҳои фармондеҳию ситодии «Ҳамкории мутақобила – 2024», «Бародарии шикастнопазир – 2024», тамринҳои вижаи «Ҷустуҷӯ – 2024», «Эшелон – 2024”, “Кӯҳ – 2024”, “Кобалт – 2024”, тамринҳои муштараки “Сарҳад – 2024” дар қаламравҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия барномарезӣ шудаанд», — гуфтааст  Тасмағамбетов.

Ба гуфтаи вай, тамоми фаъолиятҳо дар ин самт тибқи барномаи омодагии муштараки мақомоти фармондеҳӣ ва воҳидҳои неруҳои низомии амнияти дастҷамъӣ барои соли 2024 сурат мегирад. Ин барномаро Шурои вазирони дифоъ ва Кумитаи дабирони шуроҳои амнияти кишварҳои СПАД тасвиб кардаанд.

Ҳамзамон дар идомаи мусоҳиба Имонгалӣ Тасмагамбетов имкони тавсеъаи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъиро дар оянда истисно накард, зеро ба гуфтаи вай зарурати иттиҳодияҳои низомиву сиёсӣ ба таври қобили мулоҳиза меафзояд.

Вай афзуд, ки як навъ тавсеъаи созмон ё пайдоиши шаклҳои нави ҳамкорӣ дар заминаи СПАД фаъолияти сулҳпарварӣ хоҳад буд, ки мутаассифона ниёз ба он дар ояндаи наздик дар ҷаҳон бештар хоҳад шуд.

Бояд гуфт, ки дар айни замон ба СПАД Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ҳамванд ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед