Ru  | Tj
СПАД: Мо аз Афғонистони осоишта ва орӣ аз ҳаросафканӣ ҷонибдорӣ мекунем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СПАД: Мо аз Афғонистони осоишта ва орӣ аз ҳаросафканӣ ҷонибдорӣ мекунем
Акс: аз манбаъҳои боз

СПАД: Мо аз Афғонистони осоишта ва орӣ аз ҳаросафканӣ ҷонибдорӣ мекунем

Нашр шуд

Имонқулӣ Тасмағамбатов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар дидор бо Роза Отунбоева, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон ва раиси UNAMA гуфт, ки кишварҳои ин созмон аз Афғонистони муттаҳид, осоишта ва озод аз ҳаросафканӣ (терроризм), ҷанг ва маводи мухаддир ҳимоят мекунанд.

Бар асоси эъломи Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, ин нишаст 9-уми апрел дар қароргоҳи ин созмон дар Маскав баргузор шуд.

Дар ин дидор хонум Отунбоева ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бораи ҳамкориҳои байнулмилалӣ таҳти назорати СММ дар самти сулҳу субот дар минтақа ва бозсозии Афғонистон маълумот дод.

Намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳамчунин мушоҳидаҳои худро дар бораи рушди сиёсӣ дар дохили Афғонистон бо дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баён кардааст.

Бояд гуфт, ки Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ қаблан аз ҳузури гурӯҳҳои ҳаросафкан дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда ва хостори мубориза бо ҳаросафканӣ дар ин кишвар шуда буд.

Гуфта мешавад, ки намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Афғонистон дар ҷараёни сафараш ба Маскав бо Сергей Лебедев, дабири кулли Иттиҳодияи кишварҳои муштаракулманофеъ низ дидор ва гуфтугӯ кардааст.

Дар ин дидор ду тараф ба ҳамкориҳои минбаъда ба манзури ҳалли мушкилоти муштарак ва идомаи иртибот дар масоили ҷаҳонӣ таъкид карданд.

Гуфтанист, дар айни замон Русия, Белорус, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед