Ru  | Tj
Сухангӯйи СММ: Мо барои эътирофи Толибон лоббӣ намекунем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сухангӯйи СММ: Мо барои эътирофи Толибон лоббӣ намекунем
Акс : etillaatroz.com

Сухангӯйи СММ: Мо барои эътирофи Толибон лоббӣ намекунем

Нашр шуд

Дар пайи вокунишҳо ба изҳороти Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Стефан Дюжаррик, сухангӯйи Антониу Гутерриш гуфт, ки ин созмон барои Толибон* лоббӣ намекунад.

Дюжаррик ин изҳоротро 19-уми апрел зимни нишасти хабарӣ дар қароргоҳи СММ баён дошт.

Вай гуфт, нишасте, ки 1-уми май дар Давҳа баргузор мешавад, ҳамкориҳои байналмилалиро дар атрофи ҳадафҳои муштарак барои пешрафти Афғонистон дубора тақвият хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки Амина Муҳаммад, муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар як нишаст дар Донишгоҳи Принстони Амрико гуфт, ин созмон тасмим гирифтааст, дар рӯзҳои наздик як нишасте барои баррасии эътирофи Толибон ба манзури ҷилавгирӣ аз бадтар шудани вазъ дар Афғонистон баргузор кунад.

Ин изҳороти Амина Муҳаммад бо вокунишҳои густарда дар дохил ва хориҷи Афғонистон рӯбарӯ шуд ва боис шуд, ки сухангӯйи СММ дар як нишасти хабарӣ дар ин бора тавзеҳ диҳад.

Стивен Дюжаррик гуфт, СММ барои Толибон лоббӣ намекунад, аммо ҳадафи нишаст дар рӯзҳои наздик пайдо кардани бархӯрди ягона барои беҳбуди вазъ дар Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз бесуботии минбаъда аст.

Дужаррик ҳамчунин гуфт, Созмони Милал салоҳияти эътирофи Толибонро надорад, аммо кишварҳои узви ин созмон метавонанд тасмим бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки аз ҳукумати Толибон дар Афғонистон беш аз якуним сол сипарӣ мешавад, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати ин гурӯҳро ба расмият нашинохтааст.


*Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнӯъст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед