Ru  | Tj
Тағирот дар корпуси дипломатии Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тағирот дар корпуси дипломатии Тоҷикистон

Тағирот дар корпуси дипломатии Тоҷикистон

Нашр шуд

Рӯзи 28 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳукумат гузаронид. Дар натиҷаи як чанд таъйиноти кадрӣ дар корпусҳои дипломатӣ сурат гирифт. 

Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  ба ҷойи Шарофиддин Зухриддинзода, ки ба нафақа рафт, Шариф Саъди ӯро дар ин вазифа иваз кард.

Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифааш озод карда шуд ва сафири нав Давлатали Назризода тайъин гардид.

Дар корпуси дипломатии Тоҷикистон дар Ҳиндустон низ тағирот ба амал омаданд. Султон Раҳимзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш вазифаи сафириро ба Лукмон Бобокалонзода супурд.

 Ба ғайр аз таъйиноти кадри инчунин аз рафти татбиқи стратегияҳои милли дар соҳаи маориф, сармоягузорӣ ва молия баррасӣ карда шуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед