Ru  | Tj
Таҷлили иди "Меҳргон" дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Таҷлили иди "Меҳргон" дар Тоҷикистон
Фото: НИАТ Ховар

Таҷлили иди "Меҳргон" дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Иди тирамоҳии Меҳргон, ки ба анҷоми мавсими ҳосилҷамкуни бахшида шудааст, 18 октябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар таҷлил гардид.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ин иди аҷдодиро имсол дар вилояти Суғд бо мардуми деҳқонии ин минтақа ҷашн гирифта, аз ҳосили ҷамъовардаи онҳо дидани кард. 

Тавре котиби иттилоотии президент хабар доданд, то аввали моҳи октябр истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 287 ҳазор тонна, картошка 344 ҳазор тонна ва дигар сабзавотҳо ба 431 ҳазор тонна расидааст.

Дар пойтахт низ, дар боғи Фирдавсӣ бо як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ҷашн гирифта шуданд. Дар шаҳри Бохтар иштирокчиён аз ноҳияи Ёвон 1 тонна оши палов тайёр намуданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед