Ru  | Tj
Тағйироти кормандон. Раиси шаҳри Ҳисор барканор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кормандон. Раиси шаҳри Ҳисор барканор шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тағйироти кормандон. Раиси шаҳри Ҳисор барканор шуд

Нашр шуд

Рӯзи 15-уми апрел бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумати ин кишвар тағйироти кормандон сурат гирифт.

Тибқи иттилоъи расмӣ, бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор барканор гардид. Сабаби барканории Қосим Роҳбар дар фармон зикр нашудааст. 

Қосим Роҳбар моҳи январи соли 2022 ба вазифаи раиси шаҳри Ҳисор таъйин шуда буд. Қабл аз ин номбурда раиси Кумитаи рушди маҳал, вазири кишоварзӣ ва даҳ сол (1996-2006) раиси вилояти Суғди Тоҷикистон буд.

Ба ҷойи Қосим Раҳбар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода таъйин карда шуд. Носирзода то ин замон муовини якуми вазири кишоварзии Тоҷикистон буд.

Ҳамчунин бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барканор гардида, ба ин симат Сафар Олимзода мансуб шуд.

Дар баробари ин бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Исломиддин Раҳмон сардори Хадамоти зиддиинҳисории вобастаи ҳукумати Тоҷикистон таъйин гардид. Исломиддин Раҳмон аз ноябри соли 2018  то январи соли 2024 раиси ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон буд.

Ҳамзамон бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ аз вазифаи муовини директори Ожонси бимаи иҷтимоъӣ ва нафақа озод шуда, ба ҷойи ӯ Фирдавс Ҷалолзода таъйин карда шуд.

Ҳамчунин бо қарори дигари ҳукумати Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода ба вазифаи раиси Донишгоҳи фанноварии Тоҷикистон мансуб шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед