Ru  | Tj
Талоши Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандонаш аз Сурия

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Талоши Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандонаш аз Сурия
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Талоши Тоҷикистон барои бозгардондани шаҳрвандонаш аз Сурия

Нашр шуд

Дар Димишқ масъалаи бозгардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия баррасӣ карданд. Мусоҳибон ҳамчунин дар мавриди вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон табодули афкор карданд.

Мавзуъи бозгашти шаҳрвандони Тоҷикистон аз Сурия ба ватан дар мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ, ки бо як сафари корӣ дар Димишқ қарор дорад, бо Муҳаммад Холид Раҳмон, вазири умури дохилии Сурия баррасӣ шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Сурия дар мубориза бо ҳаросафкании байнулмилалӣ ва роҳандозии ҳамкориҳои сохторҳои салоҳиятдори ду кишварро баррасӣ кардаанд. Афзун бар ин мусоҳибон дар бораи вазъи амнияти минтақа ва ҷаҳон табодули афкор карданд.

Зубайдзода ҳамчунин мавзуъи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Димишқро бо мудири Раёсати амнияти миллии Фармондеҳии минтақаӣ Кифа Мулҳим низ баррасӣ кард.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Сироҷиддин Муҳриддин, вазири хориҷии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки то имрӯз беш аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз қаламрави Сурия ва Ироқ баргардонида шудаанд. Дар баробари ин Муҳриддин афзуд, ки масъалаи бозгардонидани 90  шаҳрванди Тоҷикистон аз урдугоҳҳои Ал-Ҳол ва Роҷ дар Сурия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ба гуфтаи вазир, ин раванд ба далели бад шудани вазъ дар ин кишварҳо мавқуф гузошта шуд, вале Тоҷикистон қасд дорад дар соли 2024 шаҳрвандони худро ба ватан баргардонад.

Гуфтанист, аз соли 2019 Тоҷикистон беш аз 300 шаҳрванди ин кишварро аз қаламрави Сурия ва Ироқ ба ватан баргардонд.  Тоҷиконе, ки дар қаламрави ин кишварҳо боқӣ мондаанд, умдатан дар урдугоҳҳои таҳти назорати нерӯҳои ғайридавлатӣ қарор доранд. Асосан инҳо занону кӯдаконе ҳастанд, ки шавҳаронашон дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави ин кишварҳо ширкат карда, кушта ё асир шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед