Ru  | Tj
Ташкилоти маблағгузории хурди «Тамвил» барҳам хӯрд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ташкилоти маблағгузории хурди «Тамвил» барҳам хӯрд
Акс: life.ansor.info

Ташкилоти маблағгузории хурди «Тамвил» барҳам хӯрд

Нашр шуд

Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз рӯзи 12 май 2023 дархости Ташкилотҳои амонатии қарзии хурди «Тамвил» барои бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамин тариқ иҷозатномаи ТАҚХ «Тамвил» барои анҷом додани амалиёти бонкӣ аз 03 октябри соли 2012 бозхонд ва аз эътибор соқит гардид.

«Дар асоси қарори мазкур мақомоти ваколатдори ТАҚХ «Тамвил» вазифадор карда шуд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрии ташкилоти амонатии қарзии хурдро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон анҷом диҳад», - омадааст дар хабарномаи БМТ.

Ин ниҳод афзуд, коргурӯҳи барҳамдиҳӣ уҳдадор карда шуд, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

Бояд гуфт, ки ТАҚХ «Тамвил» фаъолияти худро дар бозори хидматрасониҳои молии Тоҷикистон соли 2009 оғоз карда буд.

Дар ҳамин ҳол Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти бештаре дар мавриди сабабҳои тасмими раҳбарияти «Тамвил» барҳам додани ин ташкилоти маблағгузории хурд ироа накардааст.

Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳолати 31 марти соли равон дар ин кишвар дар маҷмӯъ 64 ташкилоти қарзии молӣ, аз ҷумла 15 бонк, 1 ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ва 48 ташкилоти маблағгузории хурд мавҷуд аст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар семоҳаи якуми соли 2023 дороии ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар Тоҷикистон нисбат ба аввали соли сори равон 4,7 дарсад афзуда, ба 31 млрд. 444,4 млн. сомонӣ баробар гардид.

Аз сӯйи дигар таъкид мешавад, ки шумораи суратҳисобҳои бонкии муштариён дар ташкилотҳои қарзии молии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 млн. адад ё 40,1% афзудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед