Ru  | Tj
Тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон дар се моҳ 25 дарсад рушд кардааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон дар се моҳ 25 дарсад рушд кардааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Тиҷорати хориҷии вилояти Хатлон дар се моҳ 25 дарсад рушд кардааст

Нашр шуд

Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон дар се моҳи аввали соли равон гардиши мол 30 дарсад ва ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ 25 дарсад нисбати соли гузашта афзудааст.

Рӯзи 16-уми апрел таҳти раёсати раиси ин вилоят Давлаталӣ Саид маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои иҷтимоъиву иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли равон баргузор шуд. Дар ин бора нашрияи "Хатлон" иттилоъ дод.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, дар 3 моҳи соли равон гардиши мол дар вилояти Хатлон ба 4 милярду 120,6 милён сомонӣ расид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад ва ё 949,9 милён сомонӣ зиёд аст.

Дар баробари ин зикр шуд, ки гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон дар ин муддат 120,6 милён доларро ташкил дода, нисбати соли қабл 25,1% ё 24,2 милён долар зиёд мебошад.

Дар ин миён таъкид мешавад, ки ҳаҷми содироти мол аз вилояти Хатлон ба 66,2 милён долар расида, нисбати соли гузашта 82,7% ё 30 милён долар зиёд мебошад. Воридоти мол ба вилояти Хатлон 54,4 милён доларро ташкил дод, ки нисбати соли 2023  90,3% ё 5,8 милён долар кам мебошад. Яъне воридоти мол ба вилояти Хатлон нисбат ба содироти он 11,8 милён долар камтар аст.

Дар идомаи ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки дар Барномаи рушди иҷтимоъиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 милярд сомонӣ пешбинӣ карда шудааст.

Тибқи таҳлилҳо то кунун ҳамагӣ 159 лоиҳа ба маблағи 4,5 милярд сомонӣ иҷро гардидааст, ки ба 54,2% ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда баробар аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед