Ru  | Tj
TikTok дар Қирғизистон масдуд мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

TikTok дар Қирғизистон масдуд мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

TikTok дар Қирғизистон масдуд мешавад

Нашр шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дархост кард, ки дастрасӣ ба TikTok дар қаламрави ин кишвар маҳдуд шавад.

Вазорати рушди диҷитолии Қирғизистон бо ирсоли нома ба фарҳамгарони интернет дархост кардааст, ки дастрасӣ ба расонаи иҷтимоъии TikTok-ро маҳдуд кунанд. Ин нома аз Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон омадааст, хабар медиҳад 24kg.

Дар нома, ки ба Вазорати рушди диҷитолии Қирғизистон гуфта мешавад, ки дар муҳтавои қирғизии TikTok “бархӯрди муназзам ва усулӣ барои сонсури мундариҷа, бавижа дар фазои иттилоъотии кӯдакон, вуҷуд надорад”.

Аз ин рӯ, КДАМ Қирғизистон бо истинод ба "Қонуни чораҳои пешгирии расонидани зарар ба саломатии кӯдакон, рушди ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо" дастур додааст, ки дастрасӣ ба расонаи иҷтимоъии TikTok дар ин кишвар то 18-уми апрел маҳдуд карда шавад.

Ёдовар мешавем, ки Вазорати фарҳанги Қирғизистон дар охири моҳи августи соли гузашта бастани TikTok-ро аз Вазорати рушди диҷитолӣ дархост карда буд. Дар ин замина чанде аз созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар бораи таъсири зараровари расонаи иҷтимоъии TikTok ба рушди равонӣ ва саломатии кӯдакон изҳори нигаронӣ карда, ин дархостро матраҳ карда буданд.

Бояд гуфт, ки дар Қазоқистон низ соли гузашта масъалаи маҳдуд кардани дастрасӣ ба TikTok матраҳ шуда буд.   Вакили парлумони Қазоқистон Аманҷол Олтой пешниҳод карда буд, ки барои ноболиғон истифода аз TikTok манъ карда шавад.

Гуфтанист, TikTok як пойгоҳ барои сохтан ва тамошои наворҳои кӯтоҳ аст. Расонаи иҷтимоъӣ ба ширкати ByteDance-и Пекин тааллуқ дорад. Дар худи Чин ин расонаи иҷтимоъӣ Douyin ном дорад ва дар корсоз (сервер)-ҳои алоҳида мувофиқи маҳдудиятҳои сонсур дар Чин амал мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед