Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Тими Тоҷикистон бо 7 медал дар «Dushanbe Grand Prix 2023» мақоми аввалро касб кард
Нашр шуд
Мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар садри ҷадвали ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» қарор гирифт. Тими ҷудокорони Гермон бо 1 тилло ва 2 нуқра дар мақоми дувум ва ҷудокорони Фаронса бо 1 тилло ва 3 медали биринҷӣ дар мақоми севуми ин мусобиқаи байналмилалӣ қарор гирифтанд.
Тибқи иттилои вебгоҳи varzishtv.tj, 4-уми июн, дар рӯзи ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» ҷудокорони тоҷик – Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг медали тилло ва Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кг медали нуқра ба даст оварданд.
Пеш аз ин дар рӯзи 3-уми июн медали тиллоро варзишгари маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81кг ба даст овард. Сомон дар даври ниҳоӣ намояндаи дигари Тоҷикистон Шодмон Ризоевро мағлуб намуд, ки охирин медали нуқра гирифт.
Ҳамзамон дар вазни то 73кг Беҳрӯз Хоҷазода барои тими ҷудои Тоҷикистон медали нуқра овард. Беҳрӯз дар даври ниҳоӣ аз Маҳмадбек Маҳмадбеков аз тими варзишгарони бетараф шикаст хӯрд.
Ёдовар мешавем, ки 2-уми июн дар рӯзи аввали мусобиқаи байналмилалии Гран Прии Душанбе дар риштаи ҷудо варзишгарони Тоҷикистон ду медал – 1 тилло ва 1 биринҷӣ ба даст оварда буданд. Обид Ҷебов дар вазни то 66кг мақоми аввал ва Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг мақоми севумро гирифтанд.
Бояд гуфт, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» дар баробари медалҳо бо ҷоизаҳои пулӣ сарфароз гардиданд. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 3000 евро, мақоми дувум 2000 евро ва мақоми севум 1000 евро шуданд.
Қобили зикр аст, ки «Dushanbe Grand Prix 2023» мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 низ буда, ба радабандӣ (рейтинг)-и варзишгарон хол илова карда мешавад. Барои мақоми 1 – 700 хол, мақоми 2 – 490, мақоми 3 – 350, мақоми 4 – 252 хол ва ғайра дода мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед