Ru  | Tj
Тоҷикистон аввалин шуда дар минтақа бо Ӯзбекистон сарҳадро кушод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аввалин шуда дар минтақа бо Ӯзбекистон сарҳадро кушод

Тоҷикистон аввалин шуда дар минтақа бо Ӯзбекистон сарҳадро кушод

Нашр шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон бо сабаби сар задани пандемияи Covid-19 ҳамаи намуди сарҳадҳоро баст, марҳила ба марҳила ба ҳолати мавҷуд буда сиёсатӣ худро мутобиқ намуда, сарҳадҳоро кушода истодааст. 

Ва аввалин кишвар ин Ӯзбекистони ҳамсарҳад мебошад, ки барои Тоҷикистон кишвари калидии коммуникатсиони мебошад, зеро ҳамаи намуди гардиши мол аз дигар кишварҳои шимолу ғарб тавассути роҳҳои оҳан ва машингард ҳудуди Ӯзбекистонро убур мекунанд. 

Ва Узбекистон, ки аз 1 октябр  кушодани сарҳадҳо бо риоя намудани як қатор чораҳои пешгирии санитарию эпидемиологӣ ва қарор доштан як муддат дар карантин бо пешниҳоди маълумотномаи тиббӣ эълон намудааст, баъд аз анҷоми ҷаласаи байниҳукуматӣ Тоҷикистон низ сарҳадҳоро кушод. 

Аз сабабе, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ё ин, ки шаҳрваондони дигар кишварҳо дар ҳолати хоҳиши ворид шудан ба ҳудуди Узбекистон тавассути постгоҳҳои назоратии автомобилӣ ва пиёдагардӣ ворид мешаванд, шартҳои “кишварҳои сурх” истифода мешаванд, яъне онҳо танҳо дар сурати бо худ доштани тести натиҷааш манфии коронавирус, ки муддати 72 соати охир то вуруд гирифта шудааст,  ба қаламрави Ӯзбекистон роҳ дода мешаванд. 

Ғайр аз ин, дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар сарҳади ҳар ду кишвар озмоишгоҳҳое фаъолият мекунанд, ки дар онҳо аз ҳисоби худ метавон тест супурд. Арзиши супурдани тест ҳудуди 20 долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳолати пайдо шудани натиҷаи мусбӣ дар шаҳрвандон, ба онҳо иҷозати ворид шудан дода намешавад.

Шахсоне, ки дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус маълумотномаи тиббӣ доранду он на дертар аз се шабонарӯз то вуруд дода шудааст, дар сарҳад тест намесупоранд.
Гуфтушунидҳо оиди  барқарор намудани парвозҳои мунтазами ҳавопаймо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон айни замон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Тоҷикистон то имруз парвозҳои чартерии мунтазам бо кишварҳои АМА (ОАЭ), Россия, Туркия ва Олмон ба амал расонида истодааст. 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед