Ru  | Tj
Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон нигарон аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон нигарон аст

Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Озарбойҷон ва Арманистон нигарон аст

Нашр шуд

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон бениҳоят нигарон аст. 

Дар ин бора дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ омадааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». «Мо тарафайнро даъват менамоем, ки барои хотима додан ба ҷангҳо чораҳои фаврӣ андешанд. Мо боварӣ дорем, ки ҳалли низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ танҳо бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ имконпазир аст ”, - гуфта мешавад дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон. 

Вазорати корҳои хориҷии кишвар дар як изҳорот мегӯяд, ки Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези зиддиятҳои мавҷударо дар доираи меъёрҳои байналмилалии аз ҷониби умум эътирофшуда таъкид мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед