Ru  | Tj
Тоҷикистон барои мардуми Қазоқистон 3500 тон кумаки башардӯстона фиристод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон барои мардуми Қазоқистон 3500 тон кумаки башардӯстона фиристод
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон барои мардуми Қазоқистон 3500 тон кумаки башардӯстона фиристод

Нашр шуд

Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон барои ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарардидаи Қазоқистон ҳукумати ин кишвар кумаки башардустона ирсол гардид. Дар ин хабаргузории расмии "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Ба иттилоъи ин манбаъ, дар робита ба пайомади обхезиҳои зиёд дар Қазоқистон  барои мардуми ин кишвар ҳукумати Тоҷикистон кумаки башардӯстона ҷудо кард. Гуфта мешавад, ки ин кумаки башардӯстона аз хӯрокворӣ, оби нӯшокӣ, маҳсулоти сохтмонсозӣ ва болопӯши хонаҳо иборат буда, дар маҷмуъ беш аз 3 ҳазору 500 тонро ташкил медиҳад.

Кумаки башардӯстона аз шаҳри Душанбе тариқи қатора дар 50 вагони боркаш ва аз шаҳри Хуҷанд тавассути 11 вагон ва 13 мошини боркаш ба самти Қазоқистон дар ҳузури намояндагони масъули Тоҷикистон ва Қазоқистон ба роҳ баромад.

Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи обхезӣ дар панҷ минтақаи Қазоқистон 6046 сохтмон (бино)-и маскунии сокинони ин минтақаҳо зери об монда, ба иқтисодиёти ин кишвар хисороти зиёд расид.

Аз оғози обхезӣ дар минтақаҳои Қазоқистон 118 ҳазор кас, аз ҷумла беш аз 44,2 ҳазор кӯдак бар ҷойи амн кӯчонида шуданд.

Дар айни замон дар марказҳои ҷойгирсозии муваққатӣ 8 ҳазору 850 кас ба сар мебаранд, ки дар ин миён беш аз 4 ҳазор кӯдак аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед