Ru  | Tj
Тоҷикистон хостори афзоиши сармоягузории Арабистон дар тарҳи неругоҳи "Роғун" шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон хостори афзоиши сармоягузории Арабистон дар тарҳи неругоҳи "Роғун" шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон хостори афзоиши сармоягузории Арабистон дар тарҳи неругоҳи "Роғун" шуд

Нашр шуд

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз Арабистони Саудӣ даъват кард, ки сармоягузорӣ дар лоиҳаи бунёди неругоҳи «Роғун»-ро афзоиш диҳад.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, рӯзи 19-уми март тариқи иртиботи видеоӣ мулоқоти Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Муҳаммад Ал-Ҷадаан, вазири молияи Арабистони Саудӣ  баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи ҷалби сармоя барои сохтмонсозии нерӯгоҳи барқобии «Роғун» таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.

Дар ин замина Завқизода аз вазири молияи Арабистони Саудӣ хоҳиш кард, ки барои афзоиши сармоягузории Сандуқи тавсеъаи саудӣ дар тарҳи неругоҳи «Роғун», ҳамчунин ҷудо кардани маблағҳои имтиёзноки Бонки тавсеъаи исломӣ барои ин лоиҳа мусоидат кунад.

Дар навбати худ вазири молияи Арабистони Саудӣ омодагии худро ҷиҳати корбарӣ бо Сандуқи тавсеъаи Саудӣ ва Бонки тавсеъаи исломӣ барои зиёд кардани сармоягузории имтиёзноки лоиҳаи нерӯгоҳи барқобии «Роғун» баён кард.

Бояд гуфт, ки дар айни замон бо Сандуқи тавсеъаи саудӣ барои сармоягузории сохтмонсозии НБО «Роғун» дар ҳаҷми умумии 100 милён долар созишнома имзо шудааст. Дар баробари ин Бонки тавсеъаи исломӣ барои сохти неругоҳи "Роғун" 150 милён долар ҷудо кардааст.

Қаблан Далер Ҷумъа вазири нерӯ ва манобеъи оби Тоҷикистон гуфта буд, барои идомаи сохтмонсозии неругоҳи  “Роғун” ба ҳисоби миёна ҳамасола 1 милярд долар лозим аст. Ба гуфтаи вай, ҳазинаи умумии бунёди ин тарҳи азими энержӣ 6,2 милярд долар арзёбӣ мешавад.

Тибқи омори расмӣ, соли 2023 аз тамоми сарчашмаҳо барои идомаи сохтмонсозии неругоҳи “Роғун” 5 милярд сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед