Ru  | Tj
Тоҷикистон омӯзгорони Русияро пешвоз гирифт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон омӯзгорони Русияро пешвоз гирифт

Тоҷикистон омӯзгорони Русияро пешвоз гирифт

Нашр шуд

Баҳри бардоштани сатҳи илму дониши хонандагони мактабҳои кишвар, Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ҳамкорӣ намуда, муаллимаҳои фанҳои гуногунро даъват намуд. 

Имрӯз, 15 октябр, боз 50 омӯзгори рус ба Тоҷикистон омаданд, то ки дар мактабҳои тоҷикӣ бо забони русӣ фанҳоро таълим диҳанд ва ба ҳамкасбони худ ёрии методӣ расонанд. Дар соли таҳсили ҷорӣ дар доираи лоиҳаи башардӯстона, ки таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, кор хоҳанд кард, хабар дод сафорати Русия дар Тоҷикистон. 

Омӯзгорон дар 22 мактаби воқеъ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен ва ғайра кор хоҳанд кард. 

Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳои хориҷӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ мешавад. 

Дар соли хониши 2017/2018 29 омӯзгори Русия ба Тоҷикистон омада фаъолият доранд. Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор мешавад, ки омӯзгорони Русияро бо манзили ройгон дар кишвар, музди меҳнат дар мактаб дар сатҳи муқаррарии худ, инчунин ҷуброни хароҷоти парвозро таъмин намояд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед