Ru  | Tj
Тоҷикистон тавлиди нерӯи барқро аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави обӣ афзоиш медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон тавлиди нерӯи барқро аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави обӣ афзоиш медиҳад
Акс: trend.az

Тоҷикистон тавлиди нерӯи барқро аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави обӣ афзоиш медиҳад

Нашр шуд

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё пешниҳод кард, ки дар истифодаи захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон саҳм гузоранд. Дар ин бора хабаргузории ТААС иттилоъ медиҳад.

Тоҷикистон нақша дорад, ки аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ ҳаҷми тавлиди нерӯи барқро афзоиш диҳад. Дар ин бора Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон рӯзи 8-уми июн дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё дар Сочӣ изҳор дошт.

«Тибқи нақшаҳои миёнамуҳлат мо нақша дорем, ки дар солҳои наздик ҳаҷми тавлиди нерӯи барқро аз ҳисоби бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ 5 баробар афзоиш диҳем», - гуфт Расулзода.

Сарвазири Тоҷикистон аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон) даъват кард, ки дар истифодаи муштараки иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки ба рушди иқтисоди тамоми минтақа мусоидат мекунад, саҳм гузоранд.

Бояд гуфт, ки 98 дарсади нерӯи барқи Тоҷикистонро нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунанд. Бино ба маълумоти Вазорати энержии Тоҷикистон, соли 2022 дар ин кишвар истеҳсоли нерӯи барқ ба ҳадди рекордӣ расида, ҳудуди 21,4 миллиард кВт/соатро ташкил дод.

Дар ҳамин ҳол захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон дар як сол 527 миллиард киловатт/соат ҳисоб арзёбӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон 287 нерӯгоҳи барқи обии хурду бузург, 50 зеристгоҳ сохта ва таҷдид карда шуда, 75 дарсади зерсохтҳои энергетикии Тоҷикистон бозсозӣ гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед