Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Доғистон барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавофуқ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Доғистон барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавофуқ карданд
Акс: triadagestan.ru

Тоҷикистон ва Доғистон барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ тавофуқ карданд

Нашр шуд

Тоҷикистону Доғистон барои густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар заминаи тиҷорату иқтисод ва маориф ба мувофиқа расиданд. Ин созиш дар мулоқоти Сергей Меликов, сарвари Доғистон ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия ҳосил шуд.

Тавре ки хабаргузории ТАСС менависад, ҷонибҳо зимни мулоқот дурнамои таъсиси корхонаҳои муштарак ва баргузории чорабиниҳои дуҷонибаи варзиширо матраҳ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот дурнамои таъсиси корхонаҳои муштарак ва баргузории чорабиниҳои дуҷонибаи варзиширо матраҳ карданд.

"Мо ба таҳкими равобити тиҷоративу иқтисодӣ, аз ҷумла бо тоҷирони Доғистон таъсиси корхонаҳои муштарак манфиатдорем. Соли гузашта гардиши мол миёни ду ҷониб ба 700 миллион доллар расид", - гуфтааст зимни мулоқот сафири Тоҷикистон дар Русия.

 Гуфта мешавад, ки ду ҷониб дар баробари табодули молу маҳсулот, ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ба мувофиқа расиданд.

"Мушкилоти аслӣ таҳсилот аст. Ман хеле сипосгузорам, ки теъдоди зиёди донишҷӯёни кишвари мо дар донишгоҳҳои гуногуни Русия таҳсил мекунанд. Дар маҷмӯъ беш аз 30 ҳазор нафар, аз ҷумла дар Донишгоҳи давлатии Доғистон таҳсил мекунанд", - афзудааст Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Сергей Меликов, Ҷумуҳрии Доғистон ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ояндадор медонад.

Ҳамзамон ҷониби Тоҷикистон аз Вазорати сайёҳии Доғистон даъват кардааст, ки ба ин кишвар сафар карда, бо имконот ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ошно шаванд.

Дар навбати худ сарвари Доғистон аз сафири Тоҷикистон даъват кардааст, ки ду ҷониб дар заминаи табодули таҷриба дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гӯсфандпарварӣ ва пахтакорӣ ҳамкорӣ кунанд.

Илова бар ин ҷонибҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳои дар соҳаи варзиш низ ба мувофиқа расиданд.

Боздиди Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия аз Доғистон ду рӯз идома карда, Гулмаҳмадзода рӯзи 31-уми май инчунин аз Палатаи савдо ва саноати Доғистон, Донишгоҳи давлатии Доғистон дар Маҳачқалъа ва шаҳри Дербент боздид мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед