Ru  | Tj
Тоҷикистон ва Русия масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Тоҷикистон ва Русия масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Тоҷикистон ва Русия масоили амнияти минтақаро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Вазорати корҳои хориҷии Русия ба Тоҷикистон барои мусоидат дар таҳқиқи ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус" изҳори сипос кард.

Рӯзи 24-уми апрел дар Маскав мулоқоти Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Михаил Галузин, муовини вазири корҳои хориҷии Русия баргузор шуд. Дар ин бора Вазорати хориҷаи Русия хабар дод.

Ба иттилоъи ин манбаъ, муовини вазири хориҷаи Русия Михаил Галузин зимни суҳбат бо ҳамтои худ Содиқ Имомӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи тамоми маҷмуъи муносибатҳои дуҷониба дар доираи таҳкими шарикии стратегӣ ва иттифоқиро баррасӣ кард.

Гуфта мешавад, ки Михаил Галузин дар ин мулоқот аз мақомоти Тоҷикистон барои кумаки фаврӣ дар таҳқиқи ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" изҳори сипос кард. 

Ду ҷониб дар мулоқот ҳамоҳангсози мавқеъ дар бораи масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи тамоми маҷмуъи муносибатҳои дуҷониба дар чаҳорчӯби таҳкими шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ ва тамоюлҳои асосии вазъи байнулмилалӣ ва минтақаиро баррасӣ карданд. 

Ҳамчунин ҷонибҳо дар мавриди раванди иҷрои вазифаҳои гузоштаи сарони ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, муҳоҷират ва татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи фарҳанг табодули афкор карданд.

Азми тарафайн ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷии ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла ИДМ, СПАД, СҲШ ва СММ, ҳамчунин САҲА таъкид гардид.

Ҳамзамон рӯзи 24-уми апрел дар Маскав машваратҳои Александр Грушко, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ  баргузор шуд.

Дар ин мулоқот ҷониби Русия аҳамияти эҷоди меъмории нави амнияти Авруосиёро ҳамчун яке аз унсурҳои ҷаҳони бисёрқутбӣ таъкид кард. Ҳамчунин имтиёзи истисноии неруҳои минтақаӣ дар ҳифзи субот ва амният дар Осиёи Марказӣ ва азми муштарак дар муқобила бо таҳдидҳои фаромарзӣ, аз ҷумла тундгароӣ ва ҳаросафканӣ, истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир таъкид шуд. Дар ин замина бар нақши ИДМ, СПАД ва СҲШ дар ҳалли мушкилоти таҳкими сулҳу субот ва рушд таъкид шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед